Ҷайҳун: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ватан»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ҷумла иброз намуданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд- иброз дошт намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун.