Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, дар ташкилоти ибтидоии “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки зиёда аз 250 нафар сокинон вохӯри баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки дар Паём Пешвои миллат дар бораи паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ сухан гуфта, таъкид намуданд, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро баланд бардорем. Сипас, дар суҳбат зикр шуд, ки мо сокинон дар доираи “Соли шинохти манфиатҳои миллӣ” барои ободу зебо намудани деҳаю маҳалла ва манзили зистамон вазифадорем ва дар татбиқ он ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан талош меварзем.