Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “ Наврӯз”-и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки зиёда аз 120 сокинон оид ба интихоботи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯри баргузор гардид.
Дар мулоқот доир ба нуктаҳои асосии Паём, маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки имрӯзҳо омодагӣ ба баргузории он рафта истодааст, суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҳар як аъзои ҳизб дар татбиқи “Соли баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ” саҳми босазо гузошта , амалӣ намудани Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад”-ро дастгирӣ карда, барои сафарбар намудани сокинон ба корҳои созандагӣ чораҳои амалӣ андешад.