ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Ҳилолӣ» ба хотири фаҳмонида моҳияти бандҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карданд.
Аз ҷумла дар вохӯрӣ таъкидҳои роҳбари давлатро, ки оид ба интихобот қайд доштанд, масъулон ёдовар шуданд: «Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд».