БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЗОМИ БОНКӢ БОЯД БА РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТ МУСОИДАТ НАМОЯД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” бо иштироки  аъзои гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар назди  ҳозирин аъзои ситод баромад намуда, ба шунавандагон дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳо аз ҳисоби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбаригардида, ҳамчунин дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат  баён гардиданд, маълумоти муфассал доданд.

Дар баромад қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ дар назди бонкҳо вазифаҳои пурмасъулият гузоштанд “Низоми бонкӣ, - омадааст дар Паём, бояд ба рушди воқеии иқтисодиёт, фаъолияти бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ  мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад”.           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg