
ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии “Паранак” бо мақсади фаҳмонида додани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир карда шуд. Дар суханронӣ масъулин самтҳои асосии рушди мамлакатро, ки дар Барномаи пешазинтихоботӣ омадааст, дастуру супоришҳои аз Паём бароянда ва номзадҳо аз ҳисоби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбаригардидаро ба онҳо фаҳмонида, ҷамъомадагонро барои дар доираи қонунҳои ҷорӣ, озод, шаффоф ва демократӣ гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ роҳнамоӣ намуданд.