![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200116_104540_0.jpg?itok=WS8U82uB)
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сайёд” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баромади худ масъулин қайд карданд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 уми декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 таъин шуд. Интихоби вакилони Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошанд. Ҳар як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи Консттутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил диҳад.