БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ ҲХДТ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обшорон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Масъулон иброз доштанд, ки  таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ, ки дар Паёми Роҳбари давлат дарҷ гаштаанд ба пешрафти зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард. 

Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии  барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат кардан вазифаи ҳар як узви ҳизб мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg