
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иқбол”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Амалҳои даҳшатноки террористии солҳои охир боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳи дунё шуда, терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст– иброз доштанд масъулини чорабинӣ. Илова намуданд, ки инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Масъулини чорабинӣ қайд карданд, ки ҲХДТ дар такя ба хиради азалии мардуми кишвар зидди чунин зуҳуроти нангин муносибати оштинопазир дорад.