БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОММАВИГАРДОНИИ ВАРЗИШ ВА ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод” мусобиқаи варзишии футбол барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” байни дастаҳои ташкилотҳои ибтидоии деҳаю маҳаллаҳо гузаронида шуд.

Мусобиқаи футбол дар майдони варзишии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод сурат гирифта, аз 10.01 то 15.01.2020 гузаронида шуд. Ба даври финалӣ дастаҳои ташкилоти ибтидоии “Файзобод” ва “Меҳнатобод” баромаданд. Дастаи “Файзобод” ба ҳисоби 3:0 ба дастаи “Меҳнатобод” ғолиб омад. Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия ба дастаи “Файзобод” “Ҷоми ҲХДТ”, Диплом ва мукофоти молиявиро дар вазъияти тантанавӣ  супорид. Дастаи “Меҳнатобод” бошад  ҷойи дуюмро ишғол карда, сазовори Сипосномаи Кумитаи иҷроия ва мукофоти молиявӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва барои тандрустии аҳли ҷомеа шароити бозҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.   Дар ҷамъомади мазкур бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар партави Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” ба 10 нафар кӯдакони маъюбу аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа  сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg