
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи №6» баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2021, инчунин, дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷаҳони муосир изҳори ақида намуданд. Дар охир намояндагони ҳизбӣ ба суолҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои эътимодбахш доданд. Ҳамчунин ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ ва тақвимҳои деворӣ бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.