
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Марғзор" хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва ташаккул додани мафкураи зидди коррупсионӣ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ (фассодкорӣ) яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа, вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ба дарки маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.