БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА АМНИЯТИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ НАЗДИК МЕШАВЕМ

ФАРХОР.Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқ»-и ноҳияи Фархор бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин хониши сиёсӣ нотиқон аз суханронии Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, баён доштанд, ки ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем. Соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Имрӯз корҳо барои оғози бунёди неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома доранд.  

 Ҳамчунин, оид ба аҳамияти ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мусоидат ба истифодабарии самароноки манбаъҳои барқароршавандаи энергияро шарҳ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg