
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ, ки маромаш "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!" мебошад ва ҳадафҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии "Роҳи оҳан"-и шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ баргузор гардид.
Сарравал масъулин изҳор доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат барои ободкориву созандагӣ ва ташаббускорӣ дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳо дар ҳамаи самтҳои афзалятноки ҷомеа раҳнамунсоз мебошад. Инчунин, вобаста ба моҳияти Барномаи ҲХДТ баёни андеша карда шуд.
Дар идомаи суҳбат дигар иштирокдорон ибрози назар карда, гуфтанд, ки Паёми Пешвои миллатро дар кору фъолияти ҳамарӯзаи худ истифода хоҳанд кард.