БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ВА ВАЗИФАҲОИ АҲЛИ ҶОМЕА

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Соҳибкорон » вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис доир ба дасгирии соҳибкорон аз тарафи Ҳукумати мамлакат сухан рафта,   аз ҷумла дар Паём гуфта шудааст, ки … Ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар маҳалҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Инчунин,  дар ин чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  вобаста ба тарбияи дурусти ҷавонон ва насли наврас, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, риояи қонунҳои миллӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ, хурофот ва амсоли инҳо сухан рафт.

Дар ҷамъомад якчанд нафар фаъолон баромад намуда, ҷонибдорӣ ва фикру андешаҳояшонро оид ба Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg