БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСИ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СИҲАТИИ ОММА МЕБОШАД!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи саломатӣ” вохӯрӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ баргузор гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ сол то сол тараққӣ карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меорад.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати  боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, аз таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg