БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН АЗ ВОХӮРИИ СУДМАНД ТААССУРОТИ НЕК ГИРИФТАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Миршоҳ-сохтмон” вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми имсола  ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ доир гардид.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки  Пешвои миллат дар суханрониҳояшон иброз доштанд, ки мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар он самтҳои муҳими рушди босуботи кишвар  инъикос ёфтааст, ба дарки ҳамагон расонида шуд,ки аз андешарониҳои судманд иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg