ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Тавре, ки қайд гардид, Паёми навбатии Сарвари давлат фарогири тамоми масъалаҳои мубрами рӯз буда, бо дарназардошти протсесҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар манотиқи дигари ҷаҳон ва нигоҳи воқеъбинона ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлату Ҳукумат муфассал баён гардидааст. Паёми имсоларо метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шуданд, саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд.