БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД ХАЛҚАМОНРО СОЛИМ НИГОҲ ДОРЕМ ВА БАРОИ ТАНДУРУСТИИ ОН ТАМОМИ ШАРОИТРО ФАРОҲАМ ОВАРЕМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва Паёми навбатӣ  дар ташкилот ибтидоии  «КАТС» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ аз  нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд карданд, ки  дар  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg