БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР СОКИНИ КИШВАР БОЯД ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛ БОШАД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор шуд.

Масъулин дар вохӯрӣ оид ба бандҳои Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва маъракаи Интихобот – 2020 маълумот доданд. Қайд намуданд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар ин маърака нақши сокинон дар таҳкими демократикунонии мамлакат маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки ҳар сокини хештаншиносро зарур аст дар маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъол бошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқ раҳнамо ва дастури муҳим буда, татбиқи босамари он омили пешрафти мамлакат хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg