КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳҳои таблиғотӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинони деҳаҳои Махсумобод ва Бибихуррам вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизб ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.