КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Технолог"-и шаҳри Кӯлоб суҳбат атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ изҳор доштанд, ки тавре огоҳӣ доред, соли 2020 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии малакатамон соли муҳим, аз ҷумла интихоботи парлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин росто моро лозим аст, ки дар ин маъаракаи сиёсӣ фаъолона ширкат варзем ва аҳли ҷомеаро низ ба он талқин созем. Дар идома қайд карда шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таҳти шиори "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!" ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии ватандорӣ масъулияти ҳар як узви ҳизбро баланд менамояд. Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис бобати интихоботи дарпешистода саволҳо дода, аз баромадкунанда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.