ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории вохӯрии судманд дар ташкилоти ибтидоии “Бонки Имон-инернешнл”-и ноҳияи Ёвон бо иштироки коллективи меҳнатӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Дар маҷлис аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, хизмати софдилона намудан ба мизоҷон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ суханронӣ карда шуда, ҳозиринро барои интихоби ояндаи дурахшони фарзандони хеш ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуданд.