ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷаласаи ситоди пешазинтихоботӣ доир гардид. Масъулон дар рафти ҷаласа аз ҷумла қайд доштанд, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» сокинонро ҷиҳати расидан ба рушди иқтисодиёт ва беҳбудии иҷмоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳарчи бештар корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ҷоннок намуда, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар намоем. Ҳамчунин дар интихобот иштироки фаъолона дошта, барои ояндаи кишвар саҳми арзанда гузорем.