ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳриёр 1-2»-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар суҳбат масъулин қайд карданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳамагон фаҳмонида шуда, таъкид карданд, ки саҳм гузоштан дар рушду пешрафти кишвар вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи виҷдонии мо мебошад.