БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МАДДИ АВВАЛАСТ

БОХТАР: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм”-и шаҳри Бохтар бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ташвиқи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб вохӯрӣ доир шуд. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлату ҳукумати кишвар қарор дошта,    инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Мо кормандони соҳаи тандурустиро лозим аст, ки барои беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ кӯшиш карда, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намоем, - гуфт раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии “Беморхонаи чашм”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg