БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Шуғли аҳолии вилоят” ва “Маркази таълимии калонсолон”-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир шуд.
Дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, ҳангоми суханронӣ қайд намуданд, ки ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ арҷ гузошта, бо ҷалби нерӯи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутаммадини шаҳрвандӣ, истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ дар ин замина бо усулҳои муосири таъсиррасон корҳои таблиғотиро амалӣ гардонида истодааст.
Дар охир ҷамъомадагон андешарониҳои судмандро якдилона дастгирӣ карда, чанде аз онҳо гуфтанд, ки дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.