БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ПАЙҒОМЕСТ АЗ РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАР!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ  доир карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар баромади хеш қайд намуданд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус зоҳир карда шуда, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд, ки ин ҳам бошад дар пешрафти фаъолияти соҳаи тандурустӣ  мусоидат намуд.

Сипас, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, аз иштирокдорон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg