АНДЕША. Дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарор гирифтану пешниҳод намудани вакилони ҲХДТ беихтиёр ба ёди ҳар як соҳибдилу ватандӯст дар ёду хотираҳо, даврони сангини пур аз мушкилоту муаммоҳои сарпечидаи солҳои 1992-1993 -юми асри ХХ рӯйгардон мешавад.
Сукути шӯравии абарқудрат, дастёбӣ ба ормони ҳазорсола- Истиқлолияти миллӣ, рӯйи саҳна омадани ашхосу гурӯҳҳои мансабталошу манфиатҷӯй ва ниҳоят бо дахолати бегонагон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз миёни нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки мардуми парокандаи Тоҷикистонро аз нав ҷамъ созад, дар кишвари валангоргардидаи мо аз нав сулҳу ваҳдатро таъмин намояд, дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бавариро сабзонад.
Раванди минбаъдаи ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намуд, ки ҲХДТ ҳизби ифодагари ормонҳои халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони дар гирдоби кашмокашиҳои дохилӣ қарор дошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани нақшаҳои наздиктарини ҳизбро дошт.
Ин дастоварди бузург, дигаргуниҳои куллиро дар шуури ҷомеа ба вуҷуд овард. Ба ҳамин маънӣ ҲХДТ тавонист мавқеъ ва обрӯи устуворро дар миёни халқ соҳиб шавад. Дастовардҳои имрӯзаи ҳизби мо натиҷаи талошу мубориза дар он замонаи мураккабу мушкил аст.
Мардуми тамаддунофар ва сулҳпарвари ноҳияи Ёвон аз ибтидо то ба имрӯз бо мақсади иҷрои вазифаҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, ҳадафу маромҳои сулхоҳонаи ин ҳизби пирӯз нақшаҳои зиёдеро амалӣ намуда, аз соли 1995 дар ноҳия бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия таъсис дода шуда ва то ба имрӯз дар ҳайати худ зиёда аз 11601 нафар аъзо дорад.
Ниҳоди ҳизбии ноҳиявӣ фаъолияти созандаи худро дар доираи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар фазои ороми ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, саъю кӯшиш намуда истодааст.
Тавре гуфтем, дар марҳилаи аз интихобот то интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ талош менамояд, ки бо ҳадафи пайдо кардани нуфуз ва обрӯ кореро дар ҷомеа анҷом дода, бо ҳамин роҳ тафаккури мардумро ба худ моил созад. Аммо барои ҳизби мо, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аллакай аз обрӯ ва манзалати бемисл бархурдор аст, халқи азизи кишвар масъулияти дигарро вогузоштааст, ки ин рисолати бузурги ватансозист. Ҷавҳари ин рисолатро ба вуҷуд овардани тафаккури миллие, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат менамояд, ташкил медиҳад.
Дар Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, ки санаи 14 январи соли равон баргузор гардид, аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон 38 нафар аз ҲХДТ номзадҳо пешбарӣ гардиданд, ки 40 % занон, 45 фоизашро ҷавонони то чилсола ташкил медиҳанд.
Дар ин росто, моро зарур аст бо назардошти дастуру супоришҳои Раиси ҳизбамон вазифаҳои сохторҳои ҳизбии ноҳия ва фаъолонро дар марҳилаи нави фаъолият муайну мушаххас намуда, мушкилоти мавҷударо ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии Ватани мо мебошад. Дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, ба кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани ғояҳои давлат, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси муаззами ҲХДТ ва ҳамаи аъзоёнаш мебошад.
Саёҳат Абдуллоева, узви КИМ ҲХДТ, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи № 7