БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: МО БА АЗМУ ИРОДА ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ ЗАНОН ҲАМЧУН НЕРУИ БУЗУРГИ ҶОМЕА ЭЪТИМОДИ КОМИЛ ДОРЕМ

АНДЕША. Бо вуруди соли нави мелодӣ мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз бархурдор аз муҳтавои мазмуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманду шукргузор аз кафолати мӯътамади зиндагии шоиста ба оянда устувору мутмаин пой мениҳанд. Воқеан ҳам, Паёми Пешвои миллат, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, моломол аз дастуру ҳидоятҳои созанда ва дархӯри хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоӣ буд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём ҳамчун сиёсатмадори заковатманду дурандешу тадбирҷӯ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии  мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, дастуру пешниҳодҳои мушаххаси хешро, оид ба беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иброз доштанд.

Дар ин росто таваҷҷуҳи сатҳи олии кишвар ва сиёсати давлат ба масоили баланд бардоштани мақоми  зан дар ҷомеа, амалигардии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо иқдому ибтикори муассиру манфиатбахши Сарвари хирадсолори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи сиёсии устувории хеш дар ҷомеае, ки арзишҳои маънавӣ ва урфу оини мардум қавист, ҷиҳати таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти беҳдошт ва ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтарони лаёқатманд мусоидат менамоянд.  Инчунин,  занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.

Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш далели ин гуфтаҳоянд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан- модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 1205 нафар,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  747, фарҳанг 52 нафар ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 17 нафарро ташкил медиҳад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Ҳамчунин, занону бонувони зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Зан-модар ин тарбиятгари хуби оила буда, фарзандонро бо меҳру муҳаббаташ аз ҳама мушкилиҳо гардонда метавонад.

Мо чун шаҳрвандони бонангу номуси кишвар  Паёми Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, онро сармашқи кори худ дониста, ҳамаҷониба супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт иҷро менамоем ва барои ободу зебо кардани диёри худ саҳму талоши худро дареғ намедорем.   

Модари тоҷик ҳама вақт кӯшиш мекунад, ки фарзандонаш аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошад. Аз ҷумла, ба тарбияи духтарон аҳамияти зарурӣ дода, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират ёд медиҳад ва хушбахтона ба мақсадҳои худ софдилона мерасанд. Пас модар ва заҳмати ӯро қадр бояд кард, тавре, ки олим ва донишманд Ҷорҷ Ҳорберт зикр кардааст: «Модарон зебоии рӯзгору хонадони мо ҳастанд, меҳрубонӣ, тозагӣ, ишқ, муҳаббат ва зан-модар ба ҳама ҳамрадифанд. Месазад, ки ин ҳамаро қадр кард». Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтара Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, бо иштирок дар ҳама чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ занону бонувонро дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободии диёри азизамон ҷалб менамоем.

Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки занону бонувони кишвар дар татбиқи сиёсати бобарори давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Зарипова Низорамоҳ, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg