БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Қизилқалъа» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон мулоқот баргузор гардид. Зимни баромади хеш мавсуф  қайд намуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Инчунин, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли  2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар ҳақиқат дар сиёсати дохилии кишвар дар соли 2019 агрегати дуюми НОБ-и Роғун ба истифода дода шуд, ки ин қадами устувор баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.   Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ҷамъомадагон изҳори миннатдорӣ баён карда, гуфтанд, ки  мо аъзои ҲХДТ  дар таблиғу ташвиқи Паёми имсола ва Барномаи ҲХДТ, ки мақсаду маромаш “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳамаҷониба кушиш ба харҷ медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg