БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРСАБЗИИ ВАТАН ВА ШУКУФОИИ ДИЁР АЗ ҲАР ЯКИ МО ВОБАСТА АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳуснобод”-и  Ҷамоати деҳоти   Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баромад роҳбарияти Кумитаи иҷроия  қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба ҳамаи сокинони мамлакат таъкид карданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода намудани маҳалли зисташон кӯшиш намояд. Инчунин, мавсуф дар бораи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси Олии мамалакат  ҳарф зада, зикр кард, ки максади асосии ҲХДТ - фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи  иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg