БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН: МО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Оид таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ  ва  номзади  ҲХДТ  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ  дар  ҳудуди  участкаҳои  интихоботии  ноҳияи  Темурмалик     вохӯрии    кормандони масъули ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати  деҳоти  “Бобоюнус”  баргузор  гардид.

Зимни мулоқот,  масъулин дар  бораи   Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва моҳияти Барномаи  ҳизбӣ, андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

Инчунин, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсии интихоботи  вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки аз ҳар як шаҳрвандӣ бедордил масъулияти баланди сиёсиро талаб мекунад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар охир сокинон вохӯрии судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда,иброз доштанд, ки  мо ба хотири  пешрафт   ва шукуфоии Ватани азизамон ба ҲХДТ овод медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg