БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

Муъминобод. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Дар асоси шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон таблиғу ташвиқ ва муаррифии  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзади он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Муъминобод  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ  вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар рафти мулоқот оид ба амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар самти соҳаи тиб суханронӣ карда шуда,   ҷиҳати пешгирӣ намудани фурӯши  дорувориҳои пастсифат  ва муҳлати истифодаашон гузашта, баланд бардоштани савияи касбии табибон  ва огоҳ сохтани мардум аз бемориҳои  сироятӣ, махсусан ВНМО ва Гепотити С, ки имрӯзҳо боиси ташвиши тамоми  сокинони саёра гардидаанд, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд. Кормандони соҳаи тандурустӣ  дар навбати худ бо пуштибонӣ аз сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри пойдории солимии ҷомеа,  ҳифзи сиҳатии омма   аз бемориҳои сироятӣ  саҳми босазои худро мегузоранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg