БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАР НАФАР МУҲИМ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Гулшан» ва «Ганҷина» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таблиғу ташвиқи васеи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш дар масъалаҳои фароҳам овардани зиндагии шоиставу арзанда ба ҳар фарди мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ин ҳама ғамхориҳо нишона аз сиёсати инсонпарваронаву ватандӯстонаи Президенти кишвар мебошад. Инчунин,  дар идома вобаста ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи дарпешистода мавриди гуфтугӯ қарор гирифта,  қайд карда шуд, ки ҲХДТ  дар фаъолияти чорякасраи хеш пайваста баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муҳайё кардани зиндагии шоиста ба ҳар фарди мамлакат зери ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзад. Дар охир иштирокдорон ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб барои иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб дар ҷомеа ва иштироки онҳо дар интихоботи дарпешистода даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg