БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ АМЛИГАРДОНИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025,  омодагӣ ба интихоботи вакилони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ суҳбат намуда, қайд карданд,ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд. Мувофиқи моддаи 31 банди  9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад. Иштирокчиёни Анҷумани мазкур номзадии 28 нафарро дастгирӣ намуданд, ки аз ин 14 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аксарияти номзадҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гунонгун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд. Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мо ҳизбиён дар фаъолиятамон масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҲХДТ-ро  нишон медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg