БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ -БАРОИ ОБОДОНӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн грифитани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии  “Ҷавонӣ”  дар кӯчаи Ҷавонии Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён роҳи аҳамияти маҳаллидошта ва гашту гузари хлонандагони муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки солиёни дароз ба рафту омади мардум  монеа эҷод мекард, бо ҷалби  шахсони саховатпеша  сангфарш карда шуд.

Дар Аксияи ҳизбӣ  сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ба ҳашар баромада, дар сангфарш кардани роҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Намояндагони ҳизбӣ низ дар ин чорабинӣ иштирок дошта, зимни иброз андеша барои дастгирӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба иштирокдорон изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg