
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо иштироки аъзои Ситоди марказии ҲХДТ ҳамоиши навбатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба дастуру супоришҳои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки зимни баргузории ситоди навбатӣ санаи 20 январи соли равон дода шуд, андешаронӣ гардида, масъалаҳои навбатдорӣ, фаъол гардонидани фаъолияти ситод аз ҷониби аъзои он дар вохӯриву суҳбатҳо, омода намудани барномаи номзадҳои ҲХДТ, пешниҳоди вокунишҳо аз ҷониби номзадҳо, дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят карда шуд.