ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи №15”, “Маҳаллаи №16”, “Дурахшон -2”-и ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо мавсуф оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар он самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 -2025 андешаронӣ карда, бобати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои он вазифагузорҳо намуд.