ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деӽаи Ҷаврези ҷамоати деӽоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо аъзо ва ҷонибдорони ӼХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Роӽбарияти Кумитаи иҷроия дар мулоқот атрофи Паёми Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки Сарвари давлат дар Паёмашон, баробари масъалаӽои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи хеле муӽими рўз таълиму тарбияи фарзанд, риоя намудани қонунӽои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки дар ин бахш падару модарон аӽамияти ҷиддӣ дода, дар кори омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, ӽидоят намудани онӽо ба роӽи дурусти зиндагӣ эътибори ҷиддӣ диӽанд.