БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ШАҲРВАНДОНРО АЗ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ХУД МЕДОНАД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти  манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои гурӯњи таблиѓотии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Сафар Амиршоев”-и ноҳияи Балҷувон ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз дошт, ки Паёми имсола пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як шахс аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад. Инчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шарҳ дода шуда, аз ҷумла, қайд гардид, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панч соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафхои олии худ медонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg