БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: БОЯД БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТААМОН ҲАРЧИ БЕШТАР РӮ ОВАРЕМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, бобати расонидани нуктаву хулосаҳои Паёми навбатӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ   хониши сиёсӣ доир гардид.  

    Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон зикр карданд, ки «Дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд»- ёдрас шуданд ташаббускорони вохӯрӣ. Зикр доштанд, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg