Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Тулаганов”-и ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки зиёда аз 300 нафар аъзои ҳизб, интихобунандагони ҳавзаи интихоботии № 4 суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар баромади хеш аз ҷумла қайд намуданд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат ба масъалаҳои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву роҳравҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сипас, чанде аз сокинон баромад намуда, гуфтанд, ки дар доираи “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” барои ободу зебо намудани деҳаю маҳалла ва манзили зисти худ вазифадор гардидем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан амалӣ хоҳем кард.