ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади роҳандозӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Зебонисо”-и деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор карда шуд.
Намояндагони ҳизбӣ вобаста ба мазмун ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки барномаи ҲХДТ метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад.