ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» ва ҳамзамон шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи ичтимоӣ» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, кайд намуданд, ки бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.