БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲТАВОИ АСОСИИ ПАЁМ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Литсейи касбии саноатии кимиёвӣ»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ   бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паём ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зикр доштанд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш дар масъалаҳои фароҳам овардани зиндагии шоиставу арзанда ба ҳар фарди мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ин ҳама ғамхориҳо нишон аз сиёсати инсонпарваронаву ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Инчунин,  масъалаҳои вобаста самтҳои фаъолияти волонтиёрӣ – самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист, ки барои рушди онҳо фаъолияти волонтёрӣ амалӣ карда мешавад, андешаронӣ карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg