АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбараш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизби ободкор, бунёдкор ва созанда мебошад. Ҳизб дар солҳои аввали таъсисёбӣ баҳри тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагӣ миёни мардум кор бурд ва ба ин ҳадафҳо ноил гашт. Бо талошҳои Раиси муаззами ҲХДТ бунёди як қатор неругоҳҳо ба нақша гирифта шуда буд. Сохтмони неругоҳи барқии обии Роғун оғоз шуда, зина ба зина агрегатҳои он мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Бо кӯшишу ғайратҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо иншоотҳои муҳими аҳамияти стратегидошта, аз ҷумла нақбҳои “ Истиқлол”, “ Озодӣ”, “ Шаҳристон”, Чормағзак”, шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, “ Бӯстон-Чанак”, “Душанбе-Рашт”, роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа-Кӯлоб”, Қасрҳои муҳташами “ Қохи Сомон”, “ Қасри Миллат”, Китобхонаи миллӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шудаанд.
Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар муассисаҳои таълимӣ, чи олӣ бошад ва чи миёнаи замонавӣ қомат афрохта, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон бо шароити хуби муосир фаро гирифта шудаанд.
Мо зиёиёни Ҷумҳурӣ пайрави Пешвои миллати худ буда, сиёсати пешгирифтаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Вуҷуди Президентамон аз ҳисси ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллӣ саршор аст.
Ватандӯст гуфта шахсеро мегӯянд, ки бароӣ ӯ марзу буми ватанаш муқаддасу азиз аст. Мо дар симои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин хислатҳои наҷиби инсониро мебинем. Ҳамаи муваффақиятҳое, ки дар ин давра ноил гаштем аз ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ ва миллатдӯстии ин шахсияти бузург шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллати мо пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам шуморида, бедории фикр, тозагии ақл ва ташаккули ахлоқи инсониро маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон медонанд.
Мо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори боварии Пешвои миллат бошем.
Наҳтулло Салимов, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Фархор аз ҳисоби ҲХДТ