БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ҲИДОЯТНОМА БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» вохӯрӣ доир карданд.

Иброз шуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат давоми мантиқии Паёмҳои қаблӣ буда, он дар баробари самти сиёсати хориҷӣ, дигар самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар гирифтааст.  

Дар ин вохурӣ, инчунин доир ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ суханронӣ карданд. Дар ҷамъомад фаъолони ташкилоти ибтидоӣ зикр доштанд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат чораҳои зарурӣ андешида, барои ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва касбомӯзии аҳолии ноҳия тамоми саъю кӯшишашонро равона месозанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg