ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Панҷ” вохӯрӣ баргузор карданд.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар хусусӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистидошта ва омилҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда сухан гуфт. Таъкид шуд, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Коррупсия низ яке аз ин хатарҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он ба вуҷуд оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ замина гузорад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплекси иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқиро андешидан зарур аст. Илова бар ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст дар худ мафкураи зиддикоррупсионӣ ва бо ҳисси нафрату муқовимат бар зидди амалҳои номатлуби ҷомеаро ба вуҷуд орад.Саъю кӯшишро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар созад.