БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВГОНӢ ДАР СОҲА ЗИЁД АСТ, МАСЪУЛИЯТ НИЗ БОЯД ДУЧАНД ГАРДАД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, тропикӣ” ва “Маркази дизенфексионӣ” вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба мавзӯъҳои рушди иқтисодиёт, энергетика, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ ва омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода-интихобот суханронӣ карда шуд.

Инчунин, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри солимии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ масъулияти кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бояд  дучанд гардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg